Ҷаласаи кории Раиси Кумита
Дар толори маҷлисгоҳи Кумита ҷаласаи кории Раиси Кумита баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандон ширкат варзиданд.
Раиси Кумита вазъи баррасии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафтаро маврди таҳлил ва пурсиш қарор дод.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, ки дар давоми ҳафта вазифагузориҳои фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” –ро ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазъи бунёди иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, деҳаҳои навбунёд ва таъмини шароити иҷтимоии онҳо-бунёди муассисаҳои тамактабӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти заруриро мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи корҳои дар ин самт иҷрошуда маълумоти хаттӣ ба унвони Раиси Кумита маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин маълумоти арзёбии вазъи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро, ки аз ДИПҶТ ба Кумита ворид гардидааст, “Барномаи рушди соҳаи саноат барои солҳои 2021-2025”, вазъи иҷрои созишномаҳои ба тасвибрасида, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машварати назди Раиси Кумитаро мавриди корбарӣ ва иҷро қарор диҳанд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси Кумита дар идома таъкид бар он дошт, ки дар баробари иҷрои корҳои зикршуда, барои баргузории чорабинии иди Наврӯз низ омодагӣ дида, вазъи баргузории чорабинии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бохтарро дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор диҳанд.