Нишасти матбуотии Кумита
Санаи 14-уми июли соли 2020 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли 2020 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Дар нишаст муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Бег Хол, муовини Раиси Кумита Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Мирзозода Ҷаъфар Манон, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Салоҳиддинов Солор, ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Нишасти матбуотӣ барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаамон бо намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати рушди Ватанамон – Тоҷикистони азиз равона карда шудааст.
Дар охир намояндагони ВАО ба саволҳои додашудаи худ ҷавобҳои қонеъ гирифтанд.