Пешгирии коррупсия муборизаи дастҷамъонаро тақозо дорад



Дар толори маҷлисгоҳи Кумита машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки кормандон баргузор гардид.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур ин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 6 январи соли 2025, №2 ба тасвиб расидааст, ки тибқи он ташкил ва баргузор намудани маҷлиси гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсатҳо ва шуъбаву бахши Кумита, баргузор намудани машғулиятҳои идоравӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии низоми интизоми молиявӣ, “Омӯзиши Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” дар назар аст.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир, дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Ва рӯзхои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, бахусус оид ба гирифтану додани пора, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, истифодаи мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайра аз ҷониби кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардид.
Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад



