Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев
Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.
«Натиҷаҳои судманди сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон анҷом дода шуд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд», – иброз доштанд Пешвои миллат.
Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни сафари Президенти Туркманистон нақшаи чорабиниҳои фарогирро қабул намудааст.
Сарвари давлат изҳори умед намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба пешрафти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.