ЭЪЛОН
Санаи 31 январи соли 2025 соати 10.00 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор мегардад.
Рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбор метавонанд дар нишасти матбуотӣ ширкат варзанд.
Таъиноти кадрӣ
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №АП-739 Муминзод Камолиддин Рамазон муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Зимни шиносии Камолиддин Муминзод бо аҳли кормандон мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрӣ Давлатзода Музаффар зикри он дошт, ки Камолиддин Муминзод, зодаи соли 1984 буда, соли 2006 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2012 факултаи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”- и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.
Муминзод Камолиддин Рамазон дар сохторҳои Вазорати маориф, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҷавонону варзиш, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, муовин ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ кор кардааст.
Давлатзода Музаффар зимни суханронии худ зикр намуд, ки мавсуф аз кадрҳои болаёыат буда, дар давоми фаъолияти корӣ чун мутахассиси кордон ва содиы ба сиёсати Ҳукумати мамлакат иҷрои вазифа намудааст.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода низ ба Муминзод Камолиддин Рамазон дар иҷрои вазифа таманнои комёбӣ намуда, иброз дошт, ки кормандони Кумита омодаанд, дар фаъолияти минбаъдаи кории худ баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва татбиыи ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат бештару беҳтар кору фаъолият намоянд.