Баргузории нишасти матбуотӣ дар Кумита

Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид.

 Дар оғоз раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода  натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024-ро  манзури рӯзноманигорон намуда, зикри он дошт, ки  баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамкорӣ ва равобити мақомоти давлатиро бо воситаҳои ахбори омма хеле густариш бахшид ва ин тадбири муҳим ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум мусоидат менамояд.

Зимини пурсишу посух аз натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳия мавсуф баён намуд, ки  дар таъмини самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ  доир ба амалишавии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои солҳои 2021-2025 нишондиҳандаи баланд дар  татбиқи лоиҳаҳои ба нақша гирифта шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода 91,6%, Гулистон 91%, Бохтар 87,1%, Вахш 89,8%, Рашт 88,9%, Тоҷикобод 88,5% Муъминобод 85%, Дӯстӣ  84,8%, Хуросон 83,7%, Хуҷанд 82%, Рӯшон 80,3%, Ҷайҳун 74,7%, Айнӣ 76,1%, Бобоҷон Ғафуров 69% ва Данғара 66,7%   фоиз ба назар расида, дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ дар  сатҳи хуб амалӣ гардидааст, ки  барои рушди соҳаи иқтисод  ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  мусоидат менамояд.

 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон 72,1  вилояти Суғд ба андозаи 67,6 ва ВМКБ  52,9 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар семоҳа, нимсолаи якум, нӯҳмоҳа ва ҷамъбасти фаъолият  дар соли 2024 арзёбӣ гардид.

Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз самти муҳими фаъолият маҳсуб ёфта, аз 1 июли соли 2022 №350 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 580 банд ба тавсиб расид ва тибқи нақшаи чорабинии шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ бунёду азнавсозии 29 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ  18 ҳазору 800 адад иншоот бо таъсиси 39 ҳазору 228 ҷойҳои нави корӣ  мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 64,8 фоизи нақшаро дар бар  гирифта, аз он 704 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 672 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 1512 дар соҳаи маориф, 491 майдончаи варзишӣ, 181 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 1079 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ, 631 бинои истиқоматӣ, 198 бинои маъмурӣ, 1888 иншоот дар соҳаи савдо ва хуроки умумӣ, 352 адад купрукҳо, 2702 банд оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо ва 8390 адад дигар иншоотро ташкил медиҳад, ки қисми бештари онҳо дар маҳал ҷойгиранд ва дар ояндаи наздик барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фарогирии насли наврас ба таълиму тарбия, беҳтар гардидани хизматрасониии тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва  такмилбахшии корҳо дар самти рушди маҳал мусоидат менамояд.

Агар мо иҷрои нақшаи чорабинҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатиро мавриди таҳлил қарор диҳем, маълум мегардад, ки бунёди коргоҳу корхона, иншооти соҳаи хизматрасонӣ, таъмири роҳ, ободонии маҳал барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии маҳал мусоидат менамояд ва боиси ифтихор он аст, ки ин иқдом аз ҷониби сокинони мамлакат хуб пазироӣ шуда, иҷрои корҳо дар ҳама деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин бо суръат идома дорад.

Боварии комил дорам, таъмини нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ барои пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ  мусоидат хоҳад кард.

Рӯзноманигорон аз вазъи корҳо дар манотиқи ҷумҳурӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, масъалаҳои мубрами дар деҳот мавҷудбуда, бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ, таъмири роҳ ва лоиҳаҳои дар ин самт татбиқшаванда пурсиш намуда, маълумоти заруриро дастрас намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *