Назорати иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳо

Санаи 7 октябр таҳти раёсати Раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон бо иштироки муовини Раиси Кумита Давлатзода Н.С, сардори Раёсати  банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф., сардори шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори  бахши молия ва хоҷагидорӣ Хоҷазода Ш ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати  ба нақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф аз натиҷаи омӯзиши  рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025», муовини сардори Раёсати сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ  Назаров А. аз натиҷаи иҷрои Фармоиши Раиси Кумита оид ба тақвияти корҳои тарғиботӣ, муовини сардори Раёсати ба нақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Зоиров А аз натиҷаи корҳои иҷрошудаи лоиҳаҳои дар ноҳияи Шаҳринав татбиқшаванда шунида шуд ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Бо назардошти масъалаҳои баррасигардида сохторҳои Кумита вазифадор гардиданд, ки рафти ҷамъбасти  Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №321 оид ба ташкил ва баргузор намудани озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ ва пешниҳоди маълумоти таҳлилӣ аз натиҷаи баргузории даври дуюми озмунро дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷаи сафари хизматӣ ба ноҳияи Файзобод дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2024, №36653(24.4) оид ба омӯзиши раванди иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025” вобаста  ба масъалаҳои ба фаъолияти Раёсат дахлдор маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *