Муқовимат ба коррупсия – омили муҳими пешгирии ҷиноят
Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати идоравӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” таҳти раёсати муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Б. Х. баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман – сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Б. Х. зимни суханрони зикри он дошт, ки масъалаи таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, устувории ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва сарзамини мардуми тамаддунофар аз самтҳои муҳими сиёсати ояндабахши Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ин нукта дар суханронию мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли ҷомеа пайваста таъкид мегардад. Пешвои муаззами миллат, масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва дар маҷмуъ ҷиноятҳои муташаккили трасмиллиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ арзёбӣ намуда, таъкид бар он доранд, ки дар роҳи бунёди давлати тозаистиқлол, мо бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва Истиқлолияти давлатии худро чун гавҳари чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем.
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Хуршед ва мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур оид ба вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва иҷрои муқаррароти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маърӯза карданд.
Баъдан Акрамзода Ёсуман – сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият фикру андешаи худро баён намуда, мўҳтаво ва роҳҳои татбиқи онро барои кормандон шарҳу эзоҳ дод.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар пешниҳод ва санадҳое, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, он дар маҷлисҳои назоратии назди Раиси Кумита мавриди таҳлил ва амал қарор мегирад.