Ситоди фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола»

Дар толори маҷлисгохи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади таъмини иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 оид ба баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ситоди кории комиссияи ҷумҳуриявӣ  доир гардид. Дар кори ситод муовини Сарвазири мамлакат  муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазорату идораҳо ва муовинони соҳавии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат  муҳтарам Зиёзода Сулаймон дар ибтидо зикри он дошт, ки   бо ибтикор ва  ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва хурраму кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои мамлакат фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.  Даври якум ва дуюми фестивал дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид ва ҷамъбасти даври сеюми он рӯзи шанбеи чоруми моҳи апрел дар назар аст. Моро зарур аст, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ҷамъбаст намудани даври ҷумҳуриявии фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола” имрўз дар баробари огоҳӣ аз натиҷаи корҳои иҷро шуда, вазифаҳои минбаъдаро таҳрезӣ намоем.

  Дар идомаи кори ситод оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти даври дуюм ва рафти корҳо омодагӣ ба даври ҷамъбастӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон  суханронӣ намуд. Мавсуф зикри он дошт; Баргузор гардидани Фестивали гулҳо таҳти унвони ”Сайри гули лола”, ки аз  ташаббусу ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо ва маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд ва омӯзиши таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҷониби сокинони мамлакат дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Комиссияи гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ғолибони фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар асоси боздид аз рафти баргузории озмун дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми сафарҳои корӣ, ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои пешниҳодгардида муайян намуда, ғолибон тибқи муҳлатҳои муайянгардида дар чорабинии тантанавии фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин аз рӯи маълумоти дастрасгардида муайян карда шуд, ки  ба ҳолати 16 апрели соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ 13 млн. 813 ҳазору 57 бех гулу бутта, аз ҷумла 7 млн. 866 ҳазору 953 бех гули лола шинонида шудааст.  

Бояд тазаккур дод, ки ғолибони фестивал аз рўйи номинатсияҳои зерин муайян карда мешаванд:

– гулпарвари беҳтарин;

– гулгашт ва хиёбон;

– боғҳои фарҳангию фароғатӣ;

– деҳа;

– маҳалла;

– деҳот;

– шаҳрак;

– ноҳия;

– шаҳр;

– вилоят.

 Ба ғолибони фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” аз рӯи номинатсияҳои зикршуда мукофоти зерин тақдим мегардад:

– Шоҳҷоиза- мукофоти пулӣ 10 ҳазор сомонӣ

– барои ишғоли ҷойи якум «Дипломи дараҷаи 1» мукофоти пулӣ – 5 ҳазор сомонӣ;

– барои ишғоли ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» мукофоти пулӣ – 3 ҳазор сомонӣ;

– барои ишғоли ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» мукофоти пулӣ – ҳазор сомонӣ.

Шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар фестивал иштироки фаъолона доштанд, бо   «Сипоснома» – и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 Муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон пас аз пурсиш намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияро вазифадор намуд, ки барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани Фестивали мазкур бештар масъулиятшинос бошанд.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *