Мулоқот бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои бузург мавҷуд ҳастанд. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд.
Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, муҳокима карда шуд.
Бо дарназардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон, сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боманфиат арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” таъсис дода шавад.