Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат

19 декабри соли 2024 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар ҷаласа таҳлили рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2021-2025” дар солҳои 2021, 2022 ва 9 моҳи соли 2023 вобаста ба таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 октябри соли 2023 №37444 (24-3) мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

 

Дар кори ҷаласа  намояндагони  вазоратҳои молия, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, кормандони  дастгоҳ ва фаъолони шаҳри Ваҳдат ва муовинони раисони шаҳру 

 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ширкат доштанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *