Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки масъули ташкили ин чорабиниҳо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштааст, эълон гардида буд.
Дар шаҳри Душанбе корҳо хеле пурҷӯшу хуруш ба роҳ монда шуда, талошҳо барои ба даст овардани ҷои аввал сурат гирифта истодааст. Дар чор ноҳияи шаҳр озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кучаи беҳтарин” баргузор гардид.
Аъзоёни комиссия аз маҳаллаи “Фирдавсӣ” ва кӯчаи ба номи “Мирсаид Миршакар”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи “Хуҷандӣ”, кӯчаи ба номи “Ҷаббор Расулов”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аз маҳаллаи “Равшангарон” ва кӯчаи “Соҳилӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ,ҳамчунин маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ва кӯчаи “Аҳмади Дониш”-и ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, ба масъулин тавсияҳои муфид доданд.
Комиссияи босалоҳият ,ки аз мутахассисони соҳаҳои гуногун иборат буда, натиҷаи озмунро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар рузҳои наздик натиҷаи озмун эълон карда хоҳад шуд.
Чунин озмун дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон низ баргузор гардид, ки он ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд.
Дар баргузории озмун намояндагони Кумитаи рушди маҳал ва масъулини шаҳр иштирок доштанд.
Бояд зикр намуд, ки барои баргузории озмун Низомномаи он аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ ирсол гардида, ҳамасола ҷамъбасти озмун дар маҷлисҳои солонаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мукофотонидани ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулӣ гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур солҳои 2019, 2020, 2021 гузаронида шуда, ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.Айни замон, гузаронидани озмуни мазкур дар сар то сари ҷумҳурӣ идома дорад ва он ба рушди минбаъдаи деҳоти кишвар мусоидат хоҳад намуд.