Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023»

3 ноябр бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардиданд. Аз ҷумла, дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сазовори ҷои аввал, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сазовори ҷои дуюи ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон сазовори ҷои сеюм шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доихилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз соли 2022 ба роҳбарони мамлакат супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту ташаббуси созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду навсозӣ байни деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳоти шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Аъзои тадорукоти озмуни чумҳуриявӣ ҳамаи инро ба назар гирифта, беҳтарин деҳаҳоро интихоб намуданд. Ҳамин тариқ тибқи баҳогузории Комиссияи озмун дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сазовори ҷои аввал, деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сазовори ҷоим дуюм, деҳаи Оби шифои ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебо гардонидани ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал- таъмин намудани рушди ҳамҷонибаи деҳоти мамлакат  ба ифтихори  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани  озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаҳои беҳтарин амалӣ мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки тибқи баҳогузории Комиссияи  озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ Шоҳҷоизаи озмун дар бахши «Шаҳри беҳтарин» насиби шаҳри Душанбе гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *