Рӯзи Парчам дар Кумита
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз аз ҷониби кормандони Кумита Суруди миллӣ ба таври зинда сароида шуд.
Сипас Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, чунин гуфт. Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тӯли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт. Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншоотҳои бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон таҳти ин парчам бунёд карда истодаанд.
Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд, хотиррасон намуд Раиси Кумита Қосим Роҳбар.
Дар фарҷом кормандони Кумита бо сароидани гимни давлатӣ ҷаласаро хотима бахшиданд.