ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» ДАР КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 19 октябри соли соли 2023 дар Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Кумита иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.

Ҳамоишро муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бек Хол ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ ҷиҳати бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири шаҳрвандони кишвар яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеаи кишвар ҳисобида, иброз доштанд , ки ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум нақши калидиро мебозад. Махсусан, тарбияи шаҳрвандони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.

Қонуни “ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН ” ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдори намуда 24 декабри соли 2022 тасдиқ гардид. Ва ин қонуни мазкур водор менамояд, ки мо мардуми шарафмади Тоҷикистон барои ҳифзи Ватан, ҳифзи арзишҳои миллиамон ки барои ояндагон боқи монад саҳми босазои худро гузорем.

Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифтротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Дар ҳамоиш ба унвони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як қатор ҷавонони фаъоли муассисаи мазкур барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *