Маҷлиси васеи кории назди Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар
Рӯзи 4 январи соли 2019 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт:
- омӯзиши нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»;
- шарҳи китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол».
Ҳангоми гузаронидани омӯзиши паём раиси Кумита оид ба нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, воҳидҳои сохтории Кумитаро вазифадор намуд, ки дар ҷарраёни сафари хизматӣ вобаста ба муҳтавои паёми имсола ба мардуми маҳал корҳои фаҳмондадиҳи анҷом диҳанд.
«Китоби навиштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ақидаҳои баландарзиш дошта, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастури роҳнамо ба ҳисоб меравад. Ҳар сатри “Уфуқҳои Истиқлол” пораи таърихи сисолаи набардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари он мебошад. Асари мазкур дар болоравии ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз Ватани маҳбуб -Тоҷикистон нақши муассир мегузорад».
Аз ҷониби раиси Кумита супориш дода шуд, ки аз ҷониби кормандони Кумита китоби “Уфуқҳои Истиқлол” хонда ва сармашқи кори худ намоянд.
Китоб барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисоӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.