Ҷаласаи Ҳайати мушовара дар Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023
Санаи 11 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, оид ба таҳкими коргузорӣ ва назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки фаъолияти Кумита барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, бо ин васила сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал татбиқ гардида истодааст.
Дар робита ба ин, чораҳои андешидаи Кумита шароит фароҳам оварданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал ба роҳ монда шавад.