Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба рушди маҳал ва тараққиёти деҳоти имрузаи тоҷик таъкид намуда, ба пешрафти деҳоти кишвар диққати асосӣ медиҳанд. Сафари кории кормандон ва роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ аз руи нақшаи қаблан тарҳрезишуда ба роҳ монда шудааст.
Дар чаҳорчӯбаи сафари Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ ӯ аз чандин иншоотҳои ҷашнӣ, ки бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018 – 2019 бунёд ёфтаанд, дидан намуд.
Аз ҷумла, ӯ ба корҳои сохтмонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи асосии №17-и деҳаи Сипинз шинос шуда, бо коллективи ин сохтмончиён вохурд. Бинои мактаби мазкур аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ гардида, сохтмони онро ҶДММ “Бозиқалъа” бо сифати баланд анҷом дода истодаанд.
Ҳамчунин Раиси Кумита Қосим Роҳбар аз фермаи мурғпарварии навташкили деҳаи Рожи ҷамоати деҳоти Сучон дидан кард. Маълум шуд, ки дар ин ферма, ки онро сокини деҳаи мазкур Тавалло Маҳмадбеков бунёд кардааст, ҳамагӣ аз 20 мурғ оғоз намуда, ҳоло аз ҳисоби қарзи бефоизи шарикони рушд шумораи онро ба 2000 расонидааст ва ният дорад, ки дар оянда аз ҳисоби қарзҳои грантӣ як ферма барои 30,000 мурғ сохта ба истифода диҳанд. Айни замон дар ин корхона панҷ нафар ба кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ҳангоми боздид аз терминали мусофиркашонии деҳаи Бидурди Ҷамоати деҳоти Сучон, ки соли 2019 онро соҳибкори маҳаллӣ Соҳибқулов Қароқул сохтааст, ба Раиси Кумитаи рушди маҳал иттилоъ доданд, ки терминал соҳиби даҳ автомашинаи мусофиркашонии тамғаи спринтер буда, минбаъд дар паҳлуи терминал сохтмони як ҳавзи моҳипарварӣ ба назар гирифта шудааст.
Сипас Раиси Кумита Қосим Роҳбар ба деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучон ба “Маркази инкишофи барвақтии кудак” рафта, бо кормандони он ҳамсуҳбат гардид. Ин бинои замонавӣ соли 2019 ба истифода дода шудааст.
Ҳангоми боздиди Раиси Кумита аз деҳаи Сучон, ки дар он ҷо сохтмони толори варзишӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, сардхона, сехи дузандагӣ, меҳмонхона, синфи компютерӣ, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаи пластикӣ ва бинои хизматрасонӣ шинос шуда, бо пудратчии он соҳибкор Шосафедов Гуламадшо ҳамсуҳбат шуда, барои меҳнати софдилона ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.
Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар аз натиҷаи кори бунёдкорони бадахшонӣ қаноатманд гардида, барои пешрафти минбаъдаи онҳо маслиҳатҳои муфид дод.