Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия
24.06.2020 14:07, Россия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.
Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ – мудофиавӣ муарифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.