Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал

14 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷаласа таҳлили рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021, вобаста ба таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021 №2019 (24.3) ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо аз 19 апрели соли 2021. №24/10-175 оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Кўшониён ва Ёвони вилояти Хатлон аз 24 то 26 марти соли 2021 баён доштаанд,  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, намояндагони масъули вазоратҳои молия, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, кормандони масъули дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилояти Хатлон ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҷаласа ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки мавзуи рӯзнома аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025” дар соли 2021 пурра таҳлил гардид, ки тариқи лавҳаи электронӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон аз масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳа ба соҳа пурсида, барои ҳалли масъала вазифагузориҳои мушаххас гузошта шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовараи Кумита қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *