Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

15.10.2021 15:55

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Молдова Наталя Гаврилитса, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус, таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои иштирокчиро бо санаи муҳими 30-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самимона табрик гуфта, ҷиҳати идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи Иттиҳод ба нафъи шукуфоии минбаъдаи давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу намуданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна, пандемияи короновирус ва дигар хатарҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод гардид, ки бояд ба масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои рафъи бӯҳрон ва коҳиш додани оқибатҳои манфии он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.

Дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар шароити кунунӣ таъмини таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, нақлиёт, энергетика, молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инноватсия муҳим арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои ҳамкорӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рақамисозӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаи технологияҳои баланд ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири технологӣ дар истеҳсолот имкониятҳои калон мавҷуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид шуд, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар ҳама зуҳуроти он, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамчун афзалиятҳои Иттиҳод дар соҳаи амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки дар ин самт дар чаҳорчӯбаи Иттиҳод механизмҳои муносиби ҳамкорӣ, пеш аз ҳама Маркази зиддитеррористӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд.

Барои амалисозии ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва дар оянда мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод дар соҳаи амният андешидани чораҳои дахлдор зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба таҳияи руйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои иштирокчӣ мамнӯъ эълоншуда, якҷоя амалӣ карда мешаванд. Дар ин зимн ҳамчунин таъмини ҳифзи фазои иттилоотии Иттиҳод махсус қайд гардид.

Таъкид шуд, ки бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Ба сари қудрат омадани гуруҳи Толибон, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буд, вазъро дар ин давлати ҳамсоя боз ҳам печидатар кард. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст.

Дар тӯли се даҳсолаи охир кишварҳои узви Иттиҳод тавонистанд ба дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш ноил шаванд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, соли 2025-ум Соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби кишварҳои аъзои Иттиҳод фаъолона дастгирӣ меёбад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 изҳори сипос карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар иртибот ба қабули раёсат дар Иттиҳод барори кор орзу намуданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Евгений Сисоев, ки номзадиаш имрӯз тасдиқ гардид, муваффақият хостанд.