Сайри гули лола идома дорад

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  13 декабри соли 2018, №АП-1140, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020, №24/10-57 ва аз 31 декабри соли 2020, №16/1-349 оид ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 дар 3 ҷамоати ноҳияи Варзоб (ҷамоати шаҳраки Такоб ва ҷамоатҳои деҳоти Деҳмалик ва Зиддеҳ) ҷамъбасти озмун дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби ҷамоатҳои номбурда намоиши гулҳои баҳорӣ, гулҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин замина, иштирокчиёни чорабинӣ сараввал аз намоиш дидан намуданд. Ҳамзамон, барои қабули намояндагон аз ҷониби мактаббачагони чамоатҳои дарҷгардида шеърҳо дар васфи гул, Ватан, Модар, Ваҳдат, Истиқлолият қироат карда шуд.

Озмуни мазкур тибқи номинатсияҳои пешбинигардида баргузор карда шуда, ғолибон ва фаъолони чорабинӣ аз ҷониби масъули мақомоти иҷроия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.