Тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров
Дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.
Мутобиқи фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2020,№50 гурӯҳи корӣ вобаста ба тақсим кардани китоби “Тоҷикони”-и Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.
Бо мақсади тақсимоти китобҳои мазкур бо роҳбарии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалики вилояти Хатлон аз 4 то 16 июни соли 2021 гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба сафари корӣ баромаданд.