Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Султон» ва зиёрати Оромгоҳи Султон Увайс дар ноҳияи Ховалинг
08.08.2019 11:59, ноҳияи Ховалинг
8-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ Меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ин мавзеи таърихӣ дидан ва зиёрат намуданд.
Меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 9 моҳ сохта шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад ва бо ифтитоҳи он боз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои анҷомшуда ва шароити муосири хидматрасонӣ дар ин меҳмонхона ба сайёҳону меҳмонон дар ин ҷо ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки шароити хидматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат сол аз сол бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст беҳтару хубтар мегардад.
Меҳмонхонаи «Султон» бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби пасандозҳои соҳибкорон сохта шуда, дорои 8 ҳуҷра бо тамоми шароити муосири хидматрасонӣ мебошад.
Масоҳати меҳмонхона 169 метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи иқдомҳои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани истироҳату фароғати мизоҷон дар ҳудуди ин иншооти муосири хидматрасонӣ 3 айвонча бунёд гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дигар иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ дар ин макони таърихӣ баҳои арзанда дода, масъулинро ҷиҳати боз беҳтару хубтар намудани шароит ва муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳони хориҷӣ дастур доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ин меҳмохона дар ҳудуди мамнуъгоҳ оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Ормогоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400-500 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.
Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст ва аз табибати нотакрори ин мавзеъ ҳаловат бурдааст.
Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шуда, танҳо соли равон ба масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг макону мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавҷуд аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари фарҳангпарвари мамлакат мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати хидматрасонӣ дар онҳо барои меҳмонони дохилию хориҷӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.
Бо ҳамин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг анҷом ёфт ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дилфиреби Ватан Сарвари ғамхору раъйиятпарвари худро бо самимияту муҳаббати беандозта гусел намуданд.