Корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе


Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои вобасташуда, яъне майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдаконаро дар шаҳраки 164, кӯчаи Пушкин №2, 4, 6 ва 8-и ноҳияи И.Сомонӣ ва шаҳраки №114 назди бинои истиқоматии М15 ва М16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.