Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Кумита

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Қосим Роҳбар оғоз намуда, оид ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2020, №11/11-13 оид ба таҳкими коргузорӣ ва назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд. 

Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки фаъолияти Кумита барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳарсолаи худ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, бо ин васила сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал татбиқ гардида истодааст.

Вобаста ба ин, чораҳои андешидаи Кумита шароит фароҳам оварданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал ба роҳ монда шавад.

Инчунин, оид ба корҳои анҷомдодаи Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт:

  • гузаронидани арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
  • гузаронидани ҷаласаи сайёри Кумита дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав;
  • саҳми бевосита дар барпо намудани озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла даврии ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе;
  • назорати бунёди манзилҳои истиқоматӣ, таҷдиду азнавсозии манзили зист дар Њшаҳру ноҳияҳо ва таъмини иҷрои корҳои сохтмониву ободкорӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон;
  • ҷиҳати истифодабарии захираҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, гузаронидани машварати корӣ дар мавзӯи “Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон;
  • таҳлили рафти бунёди муассисаҳои томактабӣ ва иншоотҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ доранд;
  • бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани як қатор иншооти ҷашнӣ ва баргузории вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Бохтар;
  • ҳамоҳангсозии қабули ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (вилоятҳои Ҷизах ва Сирдарё) бо мақсади баргузории боздиду музокирот ва баимзорасонии созишномаҳои дуҷониба бо Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Минтақаи озоди иқтисодии “Зомин фарм”-и вилояти Ҷизах ва “Ғиждувон”-и вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки масъули Кумита дар рафти омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштироки роҳбарияти Кумита ҳамчун шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Балҷувону Ховалинги вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳо боиси қайд мебошанд.

Дар фарҷом Қосим Роҳбар ба воҳидҳои сохтории Кумита  оид ба иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.