Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид
Санаи 11 апрели соли 2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид.
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва фармоиши Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2021,№008 дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории озмуни гулҳо “Сайри гули лола” дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун аз руи номинатсияҳо ғолибон муайян шуданд. Масалан дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин” Ғафорова Гулнигор корманди муассисаи давлатии боғи “Ғалаба” ва нигоҳдории ҷангали шаҳри Душанбе , дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” гулгашти назди бинои “Сирки давлатӣ”-и шаҳри Душанбе, дар номинатсияи “Боғи беҳтарин” боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Аҳмади Дониш”-и шаҳри Душанбе, дар номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаи “Муссафо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи “деҳаи беҳтарин” деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб, дар номинатсияи “деҳоти беҳтарин” Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён, дар номинатсияи “шаҳраки беҳтарин” Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”-и ноҳияи Ёвон, дар номинатсияи “ноҳияи беҳтарин” ноҳияи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, дар номинатсияи “шаҳри беҳтарин” шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Шоҳҷоиза насиби шаҳри Душанбе гардид.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, боғи фарҳангию фароғатии “Ирам”, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишер Навоӣ, боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон”, муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”, фурудгоҳи Байналмилалии шаҳри Душанбе, боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Куруши Кабир”, боғи фарҳангию фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин озмун пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
Баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.
Гули лола ба ҳафт ранг: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард тақсим мешавад. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае зиёданд, ки метавон гуфт, ба ғайри ранги қаҳвагӣ дигар тамоми рангҳоро доро мебошад. Баргҳои лола дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча мебошанд. Ҳамаи гулҳои лолаи худрў дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд.
Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.