Иштироки Роҳбарияти Кумита дар Форуми роҳбарони минтақаҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс
Рӯзи 29 октябри соли 2020 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон дар Форуми роҳбарони минтақаҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс иштирок намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар чорабини мазкур иштирок намуданд: Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал, Дилшод Шарифӣ – сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хол Ҳайдар – муовини якуми Раиси вилояти Суғд ва Раҷабов Раҷабалӣ – муовини Раиси вилояти Хатлон.
Чорабинии мазкурро ҷониби вилояти Челябински Федератсияи Россия роҳбарӣ намуда, аз рӯи барнома доир ба ҳамкории байниминтақавӣ масъалагузорӣ гардид.