Семинари омузишӣ дар Кумита

Рӯзи 21- октябри соли 2020  дар шаҳри Бохтар ва 23 –октябр дар бинои  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои раисони ҷамоатҳою маҳаллаҳо тренинг-омузишҳо  дар мавзуъи  “Татбиқи Дастурамал оид ба танзим даровардани фаъолияти кормандони мақомоти худидоракунии шаҳракҳо/ деҳот ва фаъолони худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳал” баргузор гардид.

Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Шукурӣ Фурқат дар  мавзъуи баррасии заминаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ. Ҳуқуқҳои ҷабрдидагон. Ташкилотҳо-субъектҳои  иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила” суханронӣ  намуд.

Сипас Сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии рушди маҳал Салоҳиддинов Солор  принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии зуроварӣ дар оиларо шарҳ дод.

Мақсад аз баргузории чунин тренинг-омузишҳо  баланд бардоштани иқтидори кормандони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо  дар бораи ҷанбаҳои татбиқи Дастурамал дар амал ва дар сатҳи маҳаллӣ ва мубодилаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ ва миллӣ дар мубориза бо зуроварӣ дар оила дар сатҳи ҷомеа мебошад.