Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола”

Рӯзи 14-уми апрели соли 2019 ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои муқими Душанбе, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок доштанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, чунин иброз намуд:

“Соҳаи рушди сайёҳӣ яке аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, ин соҳа дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти кишвар соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтор баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаи хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани  аҳолии қобили меҳнатро ба ҳисоб гирифта солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд”.

Баъд аз сухани ифтитоҳӣ супоридани мукофотҳо  ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола”, ва барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ доир гашт.

 

Дар номинатсияи Маҳалла:

– Ғолиби ҷои якум маҳаллаи “Борбад”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;

– Ғолиби ҷои дуюм маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм маҳаллаи “Ҳисор-1”-и шаҳри Ҳисор.

 

Дар номинатсияи Деҳа:

– Ғолиби ҷои якум деҳаи “Пушинг”-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

– Ғолиби ҷои дуюм деҳаи “Куркат”-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм деҳаи “Ҳушёрӣ”-и ноҳияи Варзоб.

 

Дар номинатсияи Деҳот:

– Ғолиби ҷои якум Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон;

– Ғолиби ҷои дуюм Ҷамоати деҳоти “Шаҳринав”-и ноҳияи Шаҳринав;

– Ғолиби ҷои сеюм Ҷамоати деҳоти “Чуянгарон”-и ноҳияи Ваҳдат.

 

Дар номинатсияи Шаҳак:

– Ғолиби ҷои якум шаҳраки “Данғара”-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

– Ғолиби ҷои дуюм шаҳраки “Сомониён”-и ноҳияи Рӯдакӣ;

– Ғолиби ҷои сеюм шаҳраки “Ҳисори”-и шаҳри Ҳисор.

 

Дар номинатсияи Ноҳия:

– Ғолиби ҷои якум ноҳияи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе;

– Ғолиби ҷои дуюм ноҳияи “Бобҷон Ғафуров”-и вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм ноҳияи “Кӯшониён”-и вилояти Хатлон.

 

Дар номинатсияи Шаҳр:

– Ғолиби ҷои якум шаҳри “Хуҷанд”-и вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои дуюм шаҳри “Норак”-и вилояти Хатлон;

– Ғолиби ҷои сеюм шаҳраки “Турсунзода”.

 

Дар номинатсияи вилоят:

– Ғолиби ҷои якум шаҳри Душанбе;

– Ғолиби ҷои дуюм вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм вилояти Хатлон.

 

Дар номинатсияи гулгашт ва хиёбон:

– Ғолиби ҷои якум гулгашти “Сирки давлатӣ” воқеъ дар буриши кӯчаи ба номи Н. Қарабоев ва хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе;

– Ғолиби ҷои дуюм гулгашти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” –и вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм гулгашти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб” – вилояти Хатлон.

 

Дар номинатсияи боғҳои фарҳангию фароғатӣ:

– Ғолиби ҷои якум боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Устод Рӯдакӣ”- и шаҳри Душанбе;

– Ғолиби ҷои дуюм боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи “Камоли Хуҷанд” – и шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд;

– Ғолиби ҷои сеюм боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи “Абдулқосим Фирдавсӣ” – и шаҳри Душанбе дониста шудаанд.

Баъд аз  чорабинӣ иштирокчиён бо хатсайрҳо ба боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, ба тамошо баромаданд.