Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаи рушди маҳал
02.10.2020
Санаи 2 октябри соли 2020 бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар шаҳри Бохтар семинар – машварат дар мавзӯи “Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оғоз намуда, аз “Рафти иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2020 №22/10-230 вобаста ба банди 29 Нақша –чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун ва Данғараи вилояти Хатлон 28-30 майи соли 2020 баён доштанд” суханронӣ намуд.
Сипас Раиси Кумита Қосим Роҳбар қайд намуд, ки дар соли 2020 барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ба истиснои шаҳри Ҳисор, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе) ба анҷом мерасанд.
Инчунин сиёсати минтақавии давлат яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи сиёсати давлат буда, барои ташкил ва рушди минтақа дар асоси барнома, нақша ва чорабиниҳои дигари қабулнамудаи давлат равона мегардад.
Мақсади таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал нигаронида шуда, тавассути самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияҳои муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.
Баъдан баромади намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Тартиби таҳияи Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 шунида шуд.
Дар фарҷом байни ҳозирин муҳокимарониҳо ва суолу ҷавоб суръат гирифт.