Боздид аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

26.07.2019 11:13, шаҳри Исфара

Рӯзи 26 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ворух ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо лоиҳаҳои иншооти таъйиноташ гуногун, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар бахшҳои мухталифи соҳаҳои иҷтимоиву хизмарасонӣ ба нақша гирифта шудааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастрасии аҳолии деҳоти мазкурро ба хизматрасониҳои гуногун хубтар намуда, дар ин баробар шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Дар маҷмӯъ лоиҳаи 8 иншоот, ки бо назардошти талаботи муосири меъморӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.

Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки бо назардошти талабот дар ҳудуди деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боғчаи кӯдакона бо 80 ҷой, дар маҳаллаи Сангтӯдаи деҳот муассисаи таълимӣ бо 360 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бинои ҷамоати деҳоти Ворух, бинои Қасри фарҳанг бо 400 ҷои нишаст, толори варзишӣ барои 300 нафар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд ва ҳамчунин бунёди бинои махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд дар деҳоти Ворух дар назар дошта шудааст, ки аз 3 ошёна иборат хоҳад буд.

Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба таълиму тарбияи насли наврас, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зоҳир гардида, дар ин замина бунёди иншооти соҳавӣ дар саросари деҳот дар назар дошта шудааст.

Ба Сарвари давлат зимни рӯнамоии лоиҳаҳо иттилоъ доданд, ки дар аксари иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфта, феълан бо сатҳу сифати баланд идома доранд.

Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур бо сатҳу сифати баланд ва муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Дар ин баробар ҷараёни корҳои бунёдкориро дар ҳудуди деҳот зери назорати қатъӣ гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз имконот бунёди дигар иншоотро низ таҳияву ба сомон расонанд.