Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21.02.2020 10:33, шаҳри Душанбе
21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуданд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ намунаи тупҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонад дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулодда ба таври фаврӣ ба мавзеъу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбад, шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст буда, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати фавқулодда ва ё шуруъ шудани амалиёти ҷангӣ он метавонад бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзеъу минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шавад ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гирад ва аз ҳолати воқеӣ ба таври мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, танку туп, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас доданд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Артиши ҷавони Тоҷикистон оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои зиёду назаррас амалӣ карда шудааст.
Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ, имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидааст.
Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ, бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва дигар шароитҳои муосири хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон, ё худ ҳайати идоракунандаи техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба ватан ва ҳимояи ҳар зарра хоки ин меҳан барору комёбиҳо орзу намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо маҷмӯи техникаҳои мухталифи ҷангӣ, ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар майдони сафороии он садҳо нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе саф кашида буданд, ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
Баъди садои суруди миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири давлати соҳибистиқлол, рушду камоли артиш ва доир ба пуриқтидор гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.
Баъди анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.
Дар парад шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамотҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ гузашти низомӣ доир намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар бисёр ҷавон бошад ҳам, лекин дар ин муддати кӯтоҳ он имрӯз ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.
Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Илова бар ин, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ инҷониб ба масъалаҳои бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Баъд аз расми гузашти ҷузъу томҳо дар маркази майдони баргузории чорабинии ҷашнӣ, аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ, ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуд.
Ротаи қаровули фахрӣ иштирокчиёни доимии ҳама парадҳои ҳарбӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд. Омода кардани ротаи қаровули фахрӣ ба худ талаботи хос дорад. Интихоби номзадҳо вобаста ба қаду баст, симои миллӣ, қадамҳои росту сафӣ ва тибқи дигар тартибу низоми махсус роҳандозӣ мешавад. Муҳлати омода кардани ҳайати ротаи қаровули фахрӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад.
Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ 27 солро таҷассум менамоянд, ки он ишора ба таҷлил аз 27-умин солгардӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни баргузории ин чорабинии ҷашнӣ, дар маркази майдони ин пойгоҳи ҳарбӣ, аз ҷониби навозандагони Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки шумораи онҳоро 150 нафар ташкил медиҳанд, таҳти созҳои нафасӣ, бо маҳорати баланд платс – консерт намоиш дода шуд.
Дар гузашти ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пулодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.