Оғози кишти пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бӯстон-2010”-и ноҳияи Вахш
23.03.2019 11:19, ноҳияи Вахш
Дар доираи сафари кории худ дар Вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бӯстон-2010”-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
Ҷамъияти мазкур имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёр доштааш дар 26 гектари он пахта мекорад, зеро ба иттилои масъулин, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъи зироат мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замин имконияти аз 35 то 40 сентнер гирифтани ҳосил мавҷуд буда, имсол дар заминҳои ҷамъият парвариши навъи пахтаи “Хатлон-2014” ба роҳ монда шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бӯстон-2010” 35,5 гектар замини корамро дар ихтиёр дошта, дар баробари пахта, ҳамчунин ҳамасола ҷав, юнучқа, ғалладонагӣ, ангур ва қулфинай низ парвариш мекунанд. Дар масоҳати 1 гектар замин парвариши ангур ба роҳ монда шудааст ва аҳли заҳмат ҳамасола то 20 тонна ҳосил ба даст меоранд ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагии мазкур аслан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамзамон ҷамъият ҳамасола дар масоҳати 0,50 гектар замин қулфинай парвариш мекунад, ки талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ низ зиёд буда, аз ин ҳисоб ҳам аҳли заҳмат даромади хуб ба даст меоранд. Ҳамин тариқ дар 3 гектар замини дигар ғалладона, 1,5 гектар юнучқа ва 3 гектар ҷав кишт карда мешавад. Риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳои гуногун ба онҳо имкон додааст, ки ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.
Имсол кишоварзони хоҷагӣ бори нахуст дар масоҳати 0,50 гектар замин гармхона бунёд намуданд, ки тибқи нақша бояд то моҳи май аввалин маҳсулоти барвақтии худро ба бозор бароранд. Дар ин гармхона парвариши помидор ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили хуб ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ҳамчунин аз намоишгоҳи аҳли заҳмати ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон дидан намуда, бо онҳо аз наздик суҳбат карданд. Дар намоишгоҳ аслан маҳсулоти нонӣ, ки самараи заминҳои серҳосили Тоҷикистон ва заҳмати марди деҳқон аст, ба маърази дид гузошта шуда буд. Кадбонуҳои моҳири ноҳия навъҳои гуногуни нонро, ки бо шаклу шева ва усули хоси мардуми ин минтақа омода мегарданд, дар намоишгоҳ пешниҳод намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди ноҳияи Вахш 96 ҳазору 215 гектар замин мавҷуд буда, ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа афзоиш дода мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар соли 2018 бештар аз 763,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба як соли қаблӣ 9,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Намоишгоҳи имрӯза намунае аз рушди бахши ғаллапарварӣ дар ноҳияи Вахш ва маҳорату малакаи бонувони ин ноҳия арзёбӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба маҳорату малакаи нонпазии кадбонуҳо баҳои баланд дода, барои омӯзонидани ин нозукӣ ба ҷавонон ва равнақ додани ин ҳунар ба иштирокчиёни намоишгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд.