Машварати корӣ дар назди Раиси Кумита

Баъди анҷоми сафари хизматии кормандони Кумитаи рушди маҳал  аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар назди Раиси Кумита Қосим Роҳбар машварати корӣ баргузор гардид.  Дар ҷаласа оид ба рафти Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, полезӣ ва инфрасохтори канализатсия, рафти бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, махсусан дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва вусъат бахшидани ҳунарҳои мардумӣ муҳокимаронӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мақомотҳои дахлдор омода ва ирсол намудани маълумотнома ба масъулин дастур дод.