ҚАБУЛИ ҲАЙАТИ МЕҲМОНОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2020 ҷиҳати омодагӣ ба сафари дарпешистодаи кории Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади баргузории боздиду музокирот бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ, гузоштани таҳкурсӣ барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омода кардани бастаи созишномаҳои дуҷониба 18-сентябри соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ҷиҳати қабули меҳмонон ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шаҳри Кӯлоб намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати 9 нафар аз вилоятҳои Ҷизах ва Сирдарё вобаста карда шуданд.

Тибқи барномаи Нақшаи чорабиниҳо қабули меҳмонон оғоз гардида , сараввал ба самти ноҳияи Рӯдакӣ равон гардиданд. Сипас ба ноҳияи Варзоб ҳаракат карданд. Дар ноҳияи  Варзоб дар комплекси истироҳатии “Кохи Малика” мизи мудаввар бо роҳбарияти Кумита, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи баргузории музокирот бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ, гузоштани таҳкурсӣ барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омода кардани  шартномаҳои дуҷониба бударо дарбар гирифта, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ҳайатҳои ду давлат мубодилаи афкор анҷом дода шуд. Аз ҷумла аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тақвият бахшидани  муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тиҷорат байни минтақаҳаи ду кишвар дар оянда ҳамкориҳо тақвият бахшида шавад.

Инчунин директори Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб оид ба ҳамкориҳои минбаъда ва муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ,дастовардҳои минтақаро шинос намуданд.

Робита ба ин, ҳайати намояндагии Ӯзбекистон иброз намуданд, ки барои ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд. Сипас меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои  муасиссаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Варзоб, осоишгоҳҳои “Гулобод” ва “Хоҷа Обигарм” дидан карда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ҳамзамон, дар ошёнаи якуми осорхона бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ва Минтақаҳои озоди иқтисодии “Зомин фарм”-и вилояти Ҷизах ва “Ғиждувон”-и  вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ баргузор гардида, дар рафти он Ёддошти тафоҳум байни минтақаҳои болозикр ба имзо расонида шуд.