Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматӣ давлатӣ озмун эълон менамояд.

Мутахассиси пешбар Саволхо барои довталабон Сармутахассис Сармутахассиси Раёсати БАБРМ Сармутахассиси шуъбаи таъминоти хукуки ва назорат

1. Сармутахассиси №2 раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ,техникӣ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

2. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва  назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

3. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ; 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд, мавҷудияти дониш ва малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад),  кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ; 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, техникӣ, иқтисодӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4 ва 4х6 – 4 дона);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038);

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

       Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ-3, индекс:734003, тел.224-71-50, www.ldc.tj , e-mail: admin@Idc.tj