Маросими тантанавии супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ “Нишони фахрӣ” ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов
14 сентябр Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар назди Қасри миллат меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро самимона пазироӣ карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар Қасри миллат дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маросими супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Маросими тантанавии супоридани мукофоти олӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт.
Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳо минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин кӯшишҳои чандинсолаи шахсии ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равонакардааш, мукофоти олӣ – “Нишони фахрӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов тақдим намуданд.
Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии самимӣ ва ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуданд.