Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28)
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам муовини Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Сараввал мехостам сипоси худро ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ изҳор намоям.
Кишварҳои мо имсол дар остонаи баррасии ҳамаҷонибаи татбиқи Барномаи амали Вена барои даҳсолаи 2014-2024 барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ қарор доранд.
Бинобар ин соли равон барои мо марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Умед дорем, ки бозбинии ҳамаҷониба зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (2024) барои ҳалли эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ имкони муносиб фароҳам хоҳад овард.
Ҳамчунин истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ аст.
Дар ин робита истифодаи долонҳои нақлиётӣ ва транзитии минтақавӣ, ки ба талаботи Барномаи амали Вена ҷавобгӯ мебошанд, қобили зикр аст.
Аз ин рӯ, мо ӯҳдадориҳои худро ба муқаррарот ва тавсияҳои Барномаи амали Вена барои таҳкими пайванди он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, инчунин мусоидат ба густариши тиҷорати зерминтақавӣ ва минтақавӣ равона месозем.
Ҳамкасбони муҳтарам,
Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавиятҳои стратегии худ медонад.
Нерӯгоҳҳои обӣ, ки 98 фоизи нерӯи барқро дар Тоҷикистон тавлид мекунанд, манбаи аслии “энергияи сабз” дар кишвар ба шумор мераванд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани мувозинати тавлид ва истифодаи нерӯи барқ тавассути азнавсозӣ ва афзоиши иқтидори нерӯгоҳҳои мавҷудаи худ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад.
Тоҷикистон аз татбиқи усулҳои “иқтисоди сабз” ҷонибдорӣ мекунад.
Маҳз ба ҳамин мақсад, мо “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул кардем.
Мо чунин мешуморем, ки барои зиёд кардани ҳиссаи энергияи таҷдидшаванда дар давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сармоягузории бештари кишварҳои мутараққӣ лозим аст.
Ҳозирини муҳтарам,
Солҳои охир бинобар афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим равандҳои биёбоншавӣ, хушксолӣ, таназзули замин ва дигар офатҳои муҳитзистӣ шиддат мегиранд.
Барои пешгирӣ аз ин равандҳо моро зарур аст, ки иқдомоти муштаракро роҳандозӣ намоем.
Масоили марбут ба об, хосатан дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои маҳсур дар хушкӣ аҳамияти бештар доранд.
Танҳо сеяки аҳолии ин кишварҳо бо оби нӯшокии бехатар таъмин мебошанд.
Чуноне медонед, Тоҷикистон ташаббускори қатъномаҳои обии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аст ва дар ин масъала бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҳамкориҳои босамар дорад.
Қатънома дар хусуси эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки ҳоло дар раванди татбиқ қарор дорад, аз ҷумлаи ин ташаббусҳост.
Аз нигоҳи мо, татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола, инчунин, Рӯзномаи амалиёти об, ки дар натиҷаи Конфронси оби таърихии Созмони Милал моҳи марти соли равон қабул гардид, ба иҷрои саривақтии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар кишварҳои маҳсур дар хушкӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мо пешниҳод намудем, ки Конфронси хотимавии Даҳсолаи амал соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Боиси қаноатмандист, ки ин ташаббуси кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Мо бори дигар таъкид менамоем, ки тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ташвишовари замони муосир мебошад.
Таъсири пайомадҳои манфии ин раванд барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Бар асари тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои ахир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазори онҳо об шуданд.
Ин падида сабабгори чунин офатҳои табиӣ, ба мисли селу ярч, обхезӣ, хушксолӣ шуда, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар хисороти зиёдеро мерасонад.
Ин раванд дар оянда барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об, рушди кишоварзӣ ва экосистемаҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Вобаста ба ин аз аҳаммияти қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ёдовар шудан бамаврид аст.
Мо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар амри амалӣ намудани муқаррароти қатъномаи мазкур омодагии хешро иброз медорем.
Тоҷикистон итминон дорад, ки ин иқдом барои андешидани тадбирҳои дастаҷамъонаи амалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Бо истифода аз фурсат, аз ҳозирини муҳтарам даъват ба амал меорам, ки дар чорабиниҳои оби дарпешистода дар Душанбе фаъолона иштирок намоянд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.