Тантанаи Истиқлол дар Кумитаи рушди маҳал

Бахшида ба 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумита маҷлиси тантанавӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Сайфиддин, раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва кормандон баргузор гардид.

Пас аз сухани ифтитоҳии Раиси Кумита  Раҷабиён Сайфиддин- сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кормандонро бо ин ҷашни муқаддас табрик намуда, ба сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Хуршед мукофоти давлатӣ – Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. Ҳамчунин аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносии муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Бег Холро барои ҳамагон боиси ифтихор ва пайравӣ баён дошт.

 

Баъдан сардори Раёсати ҳамаоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Мирзозода Ҷ.М. ва  сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Нарзуллозода Қ дар мавзӯӣ истиқлолият ва дастовардҳои он маърӯза намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода зимни суханронии худ зикри он дошт, ки эҷодкори фарҳанги суботи ҷомеа, сулҳ ва ваҳдати милӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, ки олитарин самар ва муҳимтарин дастоварди бузурги сокинони мамлакат дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад.  Ҳамагон хуб огоҳанд, ки дар раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон фарҳанги нави сулҳ-таҳамуллпазирӣ тавлид ёфт ва имрӯз  бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон фарорасии Рӯзи Истиқлоли давлатиро бори дигар бароятон муборак бод гуфта, итминони комил дорам минбаъд низ мо кормандони Кумита дар роҳи татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва ободии Ватан дучанд кору фаъолият хоҳем кард.

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи муҳими тайкардаи халқи тоҷикро дар даврони Истиқлолият мавриди таҳлил қарор дода, ҳифзи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ, муқаддас доштани забони давлатӣ, рӯ овардан ба нерӯю афкори ҷавонон, бузург доштани анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеаро аз самтҳои муҳими фаъолият маҳсуб донистанд.

Ба самъи Шумо мерасонам, ки сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат  ва такя бар таҷрибаҳои таърихии халқи тоҷик омил бар он гардиданд, ки дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистони азизи мо ба таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба шумор мераванд, муваффақ гардида, муҳимтарин барномаҳо дар ҷодаи  бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, нақбҳо, роҳҳои мошинагард, кохонаҳои  бузурги саноатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва боло бурдани истеҳсолоти ватанӣ мавриди амал қарор гирифтаанд. Дар фосилаи начандон тулонӣ кишвари мо ба яке аз ҷумҳуриҳои пешқадам ва пешрафта дар минтақа табдил ёфта, ташаббусҳои ҷаҳонии сарвари Тоҷикистон  баробари истиқбол аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати моро ба мизбони ҳамоишу анҷуманҳои бонуфузи олам табдил доданд.

Самараи чунин кӯшишу талош ва ибтикороти Пешвои миллат баҳри ҳалли фасли муаммоҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рафъи мушкилоти об дар сайёра, муқовимат бо экстемизм ва терорризм, корномаҳои инсонгароёна бари хотири таъмини зиндагонии  инсоният буд, ки соли  2011 аз ҷониби  Иттиҳодияи Аврупо ба сарвари вадҳатшиор ва Пешвои ташббускори Тоҷикистони азизи мо ҷоизаи ҷаҳонии “Пешвои асри ХХI» тақдим гардид, ки ин бешак ифтихори тамоми мардуми кишвар ва тоҷикон ҷаҳон аст. Дар баробари ин, барои чунин хидматҳои бузург дар ҳаллу фасли мушкилот ва муаммоҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат аз ҷониби чандин созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталифи олам ба мукофотҳои сатҳи байналмиллалӣ тақдир гардиданд, ки ин пеш аз ҳама ба сиёсати дарҳои боз дар низоми муносибатҳои беруна ва талошу кушишҳои бузург дар тарғиби фарҳанги инсонӣ ба шумор меравад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ сокинони мамлакат  дар доираи қонунҳои демократӣ ҷиҳати таъмини озодиҳои инсон ва адолати иҷтимоӣ ба дастовардҳои бузург комёб гардидаанд. Фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори мустақилу озод, равнақи соҳибкорӣ, дастгирии маъюбону ятимон ва қишри камбизоати аҳолӣ, мунтазам зиёд кардани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва ғайраҳо собиткунандаи равшани эъмори давлати иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад.

Дар партави татбиқи сиёсати  Пешвои миллат ва бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ бо ҷаҳду талоши сокинон дар ҷумҳурӣ корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза касб намуда, таъмини рушди иқтисодӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин гардидани ҳазорҳо мардуми бешущл башорати азму иродаи қавии аҳли ҷомеа ҷиҳати ба давлати ободу пешрафта бештар табдил додан ва беҳдошти рӯзгори мардум ба ҳисоб меравад.

Дар баробари вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар таърихи навини давлатдориамон мо дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ ба дастоварду натиҷаҳои нек ноил гаридаем, ки Тоҷикистонро дар ҳалли мубрамтарин масоили минтақа ва ҷаҳон чун давлати калидӣ ва ташаббускору сулхоҳ муаррифӣ менамояд.

Чанде пеш баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштирок ва суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди дастовардҳои сокинони ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, илму техника ва фарҳангу санъат аз соҳибфарҳангию рушди давлати тоҷикон муҷдарасон буд, ки ин идомаи чандин рӯйдоду пешниҳодҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфтаи давлати мо ба шумор меравад.

Чун қисми зиёди кормандони Кумитаро ҷавонон фарогиранд, зикри он дорам, ки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, масъулияти ояндаи давлатдорӣ ба наврасону ҷавонон бовар карда мешавад ва  вобаста ба ин моро зарур аст, ки маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии онҳоро мунтазам баланд бардорем ва донишу ҷаҳонбиниашонро тавсеа бахшем.

Имрӯз инсониятро мушкилоту хатарҳои нав ба нав таҳдид мекунад, ки ҳалли он танҳо тавассути ақлу хирад имконпазир мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки барои таҳкими амнияти миллӣ, таъмини  зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат бо ҷонибдорӣ аз  сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар бештар муттаҳид бошем ва аз ғояҳои ифротгароиву падидаҳои ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ намоем.

Бо мақсади таъмини устувории ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар мо бояд андешаи сулҳу ваҳдатро дар замири наврасону ҷавонон ҷой дода, омӯзиши дастовардҳои илмиву технологии ҷаҳони муосир, донишҳои замонавиро тарғиб намоем, нагузорем, ки ҷавонон пойбанди расму оинҳои хурофотию ифротии ба ҷомеа зиёновар гарданд.

Ҳарчанд 32 сол дар назди таърих он қадар муҳлати тулонӣ набошад ҳам дар ин фосилаи кӯтоҳ мардуми мо бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бисёр мушкилоти зиндагиро бартараф намуда, дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

 

Пешвои миллат бар ҳақ зикр намудаанд, ки Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки  дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Ҳозирини гиромӣ,

Шумо хуб огоҳӣ доред, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор мегиранд. Итминони комил дорам баргузории татанаҳои идона, семинару ҳамоишҳо, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ дар роҳи такмили ҳуввияти миллӣ, шинохти арзишҳои таърихии халқи тоҷик ва муҳим аз ҳама барои пойдорию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар хизмат хоҳад кард.

Иловатан бар ин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ тибқи нақша сохтмони 28175 иншоот дар назар аст ва ба ҳолати якуми августи соли ҷорӣ аз ин миқдор 6101 иншоот бо таъсиси 12461 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор гирифт ва дар 9096 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ бахшида ба ин ҷашнӣ таърихӣ 17000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои рушди маҳал ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ  мусоидат хоҳад кард.

Барои пиёдасозии муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки истиқлоли миллӣ- дастоварди беназири таърихиро қадру эҳтиром намуда, барои таъмини якпорчагии кишвари азиз, ҳифзи арзишҳои миллӣ чун рукни муаррифигари истиқлоли давлатӣ талошу кӯшиш намояд. Боварии комил дорам, ки кормандони Кумита бо камоли садоқат ва муҳаббат ба давлату миллати хеш барои расидан ба ормони беназиру бузург, таҳким ва ҳифзи истиқлоли миллӣ ва таъмини якпорчагии кишвари азизи худ талошу кӯшишҳои босамар хоҳанд намуд.

Ҳамаи ин дастовард ва баргузории тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатӣ ҳар як сокини мамлакатро вазифадор менамояд ба қадри ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият бирасем ва барои ҳимояи Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем-зикр дошт Раиси Кумита зимни суханронии худ Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода

Дар анҷом бахшида ба Рӯзи Истқлоли давлатӣ чанд нафар аз кормандоне, ки ӯҳдадорию супоришҳои вазифавиро саривақт ва бо сифат иҷро намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзидаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   қадршиносӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *