Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои хизматрасонии он шинос гардиданд.

Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидааст.

Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ ҳам хизмат хоҳад расонид.

Сокинони кӯчаҳои гирду атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошад.

Барои расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба беморон, 27 нафар мутахассиси соҳибмалака ба кор ҷалб карда шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, намои берунаи он ба таври махсус рангу оро ёфтааст. Тадбирҳои сабзкорӣ низ дар гирду атрофи иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд анҷом дода шуд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифатро ба роҳ монда, имкониятҳои фароҳамоварашударо барои таъмини солимии ҷомеа самаранок истифода баранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *