Иштирок дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ
19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими ҳарамайни шарифайн Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Валиаҳд, Раиси Шӯрои Вазирони Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишаст ва меҳмоннавозӣ миннатдории худро изҳор намуда, ҳамзамон ҷониби Арабистони Саудиро барои сатҳи баланди ташкилӣ ва бомуваффақият баргузор намудани мавсими Ҳаҷ дар соли ҷорӣ табрик гуфтанд.
Зимни суханронии худ Сарвари давлати мо аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудааст.
Дар ин замина дар баробари тамаркузи таваҷҷуҳ ба аҳамияти роҳандозии муколамаи стратегӣ дар чорчуби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ”, омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, аз ҷумла дар доираи “Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2023-2027” изҳор гардид.
Зимни суханронӣ аҳамияти чунин бархурд ҳамчун заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас таъйид гардида, истифодаи иқтидори ниҳодҳои молиявӣ ва фондҳои рушди кишварҳои Халиҷ ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ин раванд муҳим дониста шуд.
Соҳаҳои энергетика, саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин кишоварзӣ, бонкдорӣ, туризм, иқтисоди рақамӣ, самтҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва транзитиву нақлиётӣ аз ҷумлаи бахшҳои авлавиятнок дар раванди татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ номбар шуданд.
Дар ин зимн, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷ ба рушди “энергетикаи сабз” махсус таъкид гардид.
Президенти кишвар, ҳамчунин, атрофи дигар самтҳои ояндадори ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳаммияти минтақавӣ, сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ изҳори назар карданд.
Дар баробари ин тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз василаҳои босамари таҳкими дӯстӣ ва наздикии мардумони кишварҳои ду минтақа дониста шуд.
Зимни таъкиди тамоюли шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалӣ, Сарвари давлати мо масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди назар қарор доданд. Дар ин росто ба масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Президенти Тоҷикистон аз роҳандозии тамосҳои бештар зич дар ҳалли масоили номбурда ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар ин самт бо кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ қабул гардид.