Зиёрати қиблаи мусулмонон – Каъбатуллоҳ
19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.
Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.
Бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд.
Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷикон дар ҷаҳони ислом мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд расондаанд.
Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Сарвари давлати Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ӯ борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.
Боиси хушнудию шукргузорӣ аст, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи хонаи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад.