Ҷаласаи назоратии Раиси Кумита
19 апрели соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи:
- Таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита вобаста гардида;
- Иҷрои босифату саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо;
- Ҷамъбасти арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал дар семоҳаи аввали соли 2023.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон ба масъулини Раёсат ва шуъбаҳо супоришҳо дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо вазифадор гардидаанд, ки саривақт иҷро намудани супоришҳои зикргардидаро таъмин намоянд.