Баргузории ҷаласа бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”
Санаи 05 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи арзёбии дохилиидоравии Кумита вобаста ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур, масъалаи марбут ба муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ҳолатҳои аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда мавриди баррасии ҳатмӣ қарор дода шудани хулосаҳои экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шудаанд, дар давраи соли 2022 мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки дар ин давра нисбат ба 1224 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, дар 278 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба унвонии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда хулосаҳо пешниҳод карда шудааст.
Инчунин, қайд гардид, ки аз тарафи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда аз 278 хулосаи дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ошкори омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия таҳиягардидаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ, ҳамагӣ 187 адади он баррасӣ гардида, 58 хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ, ки дар онҳо омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва барои бартараф намудани ин омилҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда хулоса ирсол карда шудааст, ки онҳо мавриди баррасии ҳатмӣ қарор дода нашудаанд ва дар 33 лоиҳаи дигар бошад, муҳлати якмоҳаи ҷиҳати баррасии ҳатмӣ муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вайрон карда шудааст.
Тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои таҳким бахшидани низоми давлатдорӣ маҳсуб ёфта, зимнан бояд ҳар як меъёри қонунгузорӣ бидуни омилҳои коррупсионӣ, шаффоф, мушаххас ва соддаю фаҳмо таҳия карда шавад, то ин ки кафолати волоияти қонун таъмин гардад.