Ҳамоиш таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” дар Кумитаи рушди маҳал
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябри соли 2021 дар толори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси Кумита Қосим Роҳбар бо сухани ифтитоҳии худ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ҳозиринро бо рӯзномаи ҳамоиш, ки аз 5 масъала иборат буд шинос намуд.
Сипас муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ оид ба “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” суханронӣ намуда, ҷавононро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва созандагиву ободкорӣ даъват намуд.
Баъдан раиси Иттифоқи ҷавонони Кумитаи рушди маҳал Саймуҳаммади Нуралӣ вобаста ба ҳадафҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли ҷавону ояндасози кишвар ва корҳои анҷомдодаи Кумитаи рушди маҳал дар самти ҷавонон ва варзиш маърӯза намуд.
Вобаста ба фаъолияти Кумитаи рушди маҳал то давраи ҳисоботӣ баромади муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Заиров Акмал шунида шуд.
Дар вақти ҷаласа муроҷиатномаи ҷавонони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Раҳимбеков Виҷдон ироа карда шуда, бо инобати таклифҳо якдилона ҷонибдорӣ ёфт.
Дар хотимаи ҳамоиш аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии ҷавонон ифтихорнома ва ба ҷавонони фаъоли Кумита сипосномаҳо тақдим карда шуд.