Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир”

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши банди 13 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вз 6 марти соли 2019, АП-1176 “Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир” – ро дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор намуд.

Дар кори Конференсия 120 нафар намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар оғоз намуда ҳозиринро барои иштирокашон хайрамақдам гуфт.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар мавзӯи мақомоти маҳаллӣ барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ ва риояи ҳатмии принсипи адолатнокӣ  суханронӣ намуд.

Баъдан Шодиён Муҳаммад Султонзода Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар мавзӯи “Нақши қонуният дар баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир” баромад намуд.

Инчунин Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидов Миршоҳид  сардори шуъбаи Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳабибулло муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Расо Раиси Ҷамоати шаҳраки “Шоҳтемур”-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳакимзода Фирӯз Ғайрат Раиси Ҷамоати Нофароҷи шаҳри Истаравшан, Солеҳов Маҳмадрасул Раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх-и ноҳии Ёвон, Абдураҳмонов Иброҳим Раиси Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, Равшанзода Ҷаҳонгир Ҳазрат сардори Шӯъбаи муассисаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода  мавзуъи вобаста ба конференсия   баромад намуданд.

         Мақсад аз баргузории Конференсия:  

  • шиносоӣ бо роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ваъзият, дастовардҳо, мушкилотҳои мавҷудаи фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва таҳияи таклифу пешниҳодот оид ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир;
  • такмили идоракунии маҳаллӣ вобаста ба ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ва амалигардонии он аз фароҳам овардани шароитҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ, кадрӣ, иттилоотӣ барои иҷрои функсияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот мебошад.

Аз ҷониби Раиси Кумита Қосим Роҳбар зикр карда шуд, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ислоҳоти идоракунии давлатӣ бо қабули ҳуҷҷатҳои стртаегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва идома дода шуда, мушкилотҳо ва афзалиятҳо барои баланд бардоштани нақши мақомоти шаҳрак ва деҳот ва гузаронидани такмили идоракунии маҳаллӣ муайян карда шудаанд, ки саҳифаи навро дар сохтори давлатдории тоҷикон боз намуд.

Ҳамзамон, иҷрои ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолии шаҳрак ва деҳот, соҳибкорони маҳаллӣ вобаста ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар давраи солҳои 2019 – 2021 ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳотро дар тамоми воҳидҳои ҳудудии маъмурии ҷумҳурӣ таъмин намуда, сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар баланд бардошта шуда, таҷрибаи муосири баланд бардоштани нақши мақомоти шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории тоҷикон мебошад.

Иштирокчиён қайд намудаанд, идоракунии маҳаллӣ яке аз падидаҳои калидии сиёсати давлатӣ буда, нақши он дар амалишавии сиёсати умумидавлатӣ ба сифати омили муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида бошад, ҳам бо вуҷуди ин, дар назди идоракунии маҳаллии Тоҷикистон мушкилот ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир мусоидат менамоянд.

Иштирокчиёни Конференсия вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда табодули назар намуда, оид ба мавҷудияти мушкилотҳо, роҳҳои ҳалли онҳо мавқеӣ мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян намуда, оид ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

Дар анҷоми кори Конференсия Резолютсия қабул гардид.