Роҳбарият ва кормандони Кумита аз мавзеъҳои бар асари сел зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш, А.Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид намуданд
22 майи соли ҷорӣ роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ анҷом дода, аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида дидан намуда, бо сокинон суҳбат карданд.
Дар доираи сафар оид ба рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, тибқи дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандони аз офат зарардидаи шаҳр дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамрайъию ҳамдилӣ, кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.
Инчунин, аз ҷараёни корҳо дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” шинос шуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо минтақаи озоди иқтисодии “Джизах” ва “Ғиждувон”-и Ҷумҳурии Узбекистон ва Ассотсиатсияи “KOSHUMA”(Korean Smart Human Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея, ки Ёддоштҳои тафоҳум оид ба пешбурди ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, дастуру пешниҳодҳои муфид дода шуд.
Дар ин радиф кормандони Кумита санаҳои 20 – 22 май ба ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон сафари хизматӣ анҷом дода, аз рафти бартараф намудани ҳисороти расонидашуда бар асари офати табиӣ дидан намуданд.
Ҳангоми сафар бо мардум ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикргардида суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд. Тамоми мардум минтатдории худро аз дастгрии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.