Сафари кории масъулини Кумита ба шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Масъулини Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 4 то 10 майи соли 2021 доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи деҳаҳо, маркази шаҳр Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.
Дар натиҷа барои тақвият бахшидани фаъолияти 11 адад Кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Бӯстон бо иштироки раисони маҳалаҳо семинар – машварати дастурдиҳӣ ва таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии онҳо ташкил ва баргузор гардида, бо онҳо тавсияҳои методӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, масъулини Кумита дар тантанаҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи деҳаҳо дар деҳаҳои Деҳаи боло, Деҳаи поёни ҷамоати деҳоти Ғозиён ва деҳаҳои Исфисор, Маданияти ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.