Мулоқот бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок
01.04.2021 17:54, шаҳри Душанбе
1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.
Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.
Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.
Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, табодули андеша намуданд.